Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раисӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид,
Ню-Йорк, 1999
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао
Душанбе, 2008
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Техрон, 2007
ПРЕЗИДЕНТ: Салоҳият | Баромадҳо | Вохӯриҳо | Паёмҳо | Барқияҳо | Аксҳо | Китобҳо
ХАБАРҲО

02 феврали соли 2012 
Сарвазири Япония Йошихико Нода ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои мо муносибатҳои неку бобарор оғоз гардид.
Дар робита ба рух додани ҳодисаи мудҳиш - зилзила дар қисми шарқии Япония дар моҳи марти соли гузашта мо аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дўсти тоҷик ҳамдардии амиқ ва суханони самимии тасаллибахш қабул кардем.
Бо истифода аз ин фурсат барои ҳамдардии амиқатон изҳори сипос менамоям.
Кишвари мо Тоҷикистонро аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Мо ният дорем, ки минбаъд низ мамлакати Шуморо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла ободонии мамлакат, татбиқи ислоҳоти гуногуни иқтисодӣ ва рушди кишвар дастгирӣ намоем.
Итминони комил дорам, ки таҷлили 20 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ такони бузурге дар роҳи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоямон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик мегардад.
Бо ҳавасмандии зиёд мехоҳам, ки бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар чаҳорчўби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» ҳамкории фаъол намоям.
Иҷозат фармоед, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти роҳбариатон саломатию комёбӣ ва ба халқи тоҷик бахту шукуфоиро орзу намоям».


 
 
&