Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте

28.09.2015 03:08, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Шоми имрӯз (27 сентябри соли 2015) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Миллали Муттаҳид бо Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте мулоқот намуд.

Дар мулоқот оид ба масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Нидерланд мубодилаи афкор сурат гирифт.

"Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Шоҳигарии Нидерланд манфиатдор буда, таҳкими иртиботот бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷии мост", -гуфт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Нидерланд фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо дар масоили таҳкими амнияти минтақа, тақвияти марзҳо, ҷалби сармоя, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани камбизоатӣ, мудирият ва истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҳамкории муассир дошта бошанд.

"Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии вазорату идораҳои дахлдор барои истиқболи гӯрӯҳи ширкатҳои кишоварзии ҳолландӣ, ки бо мақсади шиносоии имкониятҳои кишвар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд, ёдовар шуда изҳори умед кард, ки "ин сафари ширкатҳои кишоварзии Шумо ба рушди муносибатҳои мо такони тозае хоҳад дод."

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520