Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча

29.09.2015 02:05, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Шоми 28 сентябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд генерал Праут Чан Оча мулоқот намуд.

"Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муносибатҳо буда, ба ояндаи иртибототи худ бо Таиланд бо дидаи нек менигарад"-гуфт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони давлатҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишварро дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуда ба мавзӯъҳои ҳамгироии сиёсӣ дар минтақаи Осиё ва арсаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо  аз ҳолати кунунии муносибатҳои гарму самимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати татбиқи босамари санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2013 дар Душанбе ҳангоми сафари расмии Сарвазири Таиланд доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва маориф изҳори хушнудӣ намуда ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд барои барқарорсозии бозёфтҳои осорхонаи миллии Тоҷикистон, таъмини хуби таълиму бозомӯзии кадрҳои ҷавон, пешниҳоди барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ҷудо намудани бурсияҳо ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.

Мусоҳибон мавҷуд будани бисёр соҳаҳои дигари ҳамкорӣ, аз қабили, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, коркарду интиқоли шакар, биринҷ ва рушди туризму хизматрасонии меҳмонхонаҳоро бозгӯи имкониятҳои хуби ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст арзёбӣ карданд.

text-align: justify;

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520