Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

01.10.2015 08:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам.

Дар даҳсолаи охир Чини бо мо дӯст дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.

Мо ба сатҳи кунунии ҳамкории мутақобилан судманди бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифт, баҳои баланд медиҳем.

Бовар дорам он ҳуҷҷатҳое, ки мо дар ҷараёни сафари кории чанде пеш ба кишвари зебои Шумо анҷомдода ба имзо расонидем ва кӯшишҳои қобили қабули ҷонибҳо ба рушди муътадили ҳамкории мутақобилаи бисёрҷанба ҷараёни нав мебахшанд.

Ман муътақид бар онам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавобгӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшем.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш, мехоҳам аз самими қалб ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, сиҳатмандӣ, саодат ва амалҳои навро дар фаъолиятатон, ба мардуми дӯсти Чин сулҳу рафоҳатро таманно кунам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520