Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

06.10.2015 10:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ,  Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарони сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва идораву муассисаҳои назди Ҳукумат ва ҳамчунин дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварати корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон   масоили вобаста ба омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, назорати хароҷоти буҷа ва сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи мошинҳои хизматӣ ва сӯзишворӣ, тезонидани суръати ҷамъоварии ҳосили заҳмати кишоварзон ва омодагӣ ба кишту кори тирамоҳӣ ва ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ, рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ бар зидди терроризму ифротгароиро таҳлилу баррасӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Зимни баррасии масоили омодагӣ ба зимистон ба масъалаи таъмини муназзами мардум ва корхонаю муассисаҳо бо неруи барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба ҷамъоварии ҳосил ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони рӯёндаи деҳқонону боғпарварони кишвар ёдовар шуда, таъкид дошт, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани он ба аҳли деҳот ҳамаҷониба мусоидат бояд кард.

Ба роҳбарони сохторҳои қудартию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотиро барои пешгирӣ аз гароидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва барои даъвати онҳо ба ҳифзи оромию субот ва кору зиндагии осоиштаи мардум ва ҳамчунин ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои волои миллию фарҳангӣ пурзӯр намоянд.  

Дар фароварди машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рафти бартарафсозии оқибатҳои гармо ва селу обхезӣ дар вилояти Бадахшон ва дигар минтақаҳои кишвар мароқ зоҳир намуда, ба ҳамаи вазорату идораҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорӣ ва шахсони алоҳида, ки дар кори барқарорсозии фаврии хонаҳои мардуми бесарпаноҳмонда ва дигар иншооти харобгардида саҳми намоён гузоштанд, арзи сипос кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин ба масоили омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520