Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

12.10.2015 10:58, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Александр Григоревич,

Шуморо бо пирӯзии боэътимод дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус самимона ва сидқан шодбош мегӯям.

Мо ин хабарро бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва хатти машйи Шумо дар роҳи шукуфонии кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум ва болобарии бемайлони обрӯи давлати Белорус дар арсаи ҷаҳон зоҳир мегардад.

Тоҷикистон ба муносибатҳои зичи мушорикат бо Ҷумҳурии Беларус, ки ҷавобгӯӣ манофеи миллии ҳар ду давлатанд, баҳои баланд медиҳад. Бовар дорам, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар заминаи принсипҳои эҳтироми якдигар ва дарназардошти манофеи дуҷониба рушду густариш тоза меёбад.

Бо истифода аз фурсат омодагии моро дар роҳи якҷоя бо Шумо ба харҷ додани саъю кӯшишҳои зиёд барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус иброз медорам.

Ба Шумо, муҳтарам Александр Григоревич, аз самими қалб сиҳатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти серсоҳаатон муваффақиятҳои нав орзу дорам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520