Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти шоликорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

19.10.2015 16:11, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар аз ноҳияи Ғончӣ ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сари роҳ бо фаъолияти шоликорони ботаҷрибаи ин ноҳия шинос шуда, бо деҳқонон суҳбати самимӣ доир кард.

Тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо аён мегардад, кишоварзони вилояти Суғд дар парвариши шолӣ таҷрибаи бой андухта, бо кишти навъҳои серҳосил ва хушсифату бозоргири ин намуди зироат пешсаф ҳастанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Дилшоди ноҳия, ки дар масоҳати 4 гектар навъи серҳосил ва хушмаззаи Кенҷаро кишт кардаанд, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шоликорон дар бораи истифодаи замин, зиёд кардани тухмиҳои аълосифат, киштгардону баланд бардоштани ҳосилнокии замин, кор бо мутахассисони навъсанҷӣ, мутобиқсозии намудҳои хуби шолӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулот, омӯхтани таҷрибаи дигар шоликорони кишвар ва хориҷ, инчунин содироти он суҳбат орост.

Дар хоҷагии деҳқонии Дилшод аз ҳар як гектар замини шолӣ 50 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд ва аз руи маълумоти онҳо навъҳои аз ин ҳам серҳосил мавҷуд аст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҷагиҳои пешқадами дигар низ ҳастанд, ки ба шоликорӣ машғуланд.

Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов 140 гектар замин, хоҷагии деҳқонии Раҳмон Набиев дар 160 гектар, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Парандапарвар дар масоҳати 20 гектар ба парвариши шолӣ ва дигар навъи зироат машғул буда, бозорҳои ноҳияву вилоятро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамоянд. 

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шоликорон дар кори пуршарафи деҳқонӣ, ки бо меҳнати ҳалол маҳсулот истеҳсол мекунанд, барору комёбӣ орзу кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520