Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон

24.10.2015 12:01, шаҳри Душанбе

Нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъутомҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония ва ҳам бо корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, Синдзо Абэро бори дигар ба муносибати аз нав ба мақоми Сарвазири Япония интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: “Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо Япония барои Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба истиқлоли давлатӣ расиданаш аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ буд ва ҳаст”.

“Кишвари шуморо мо шарики муҳими худ медонем ва ин шарокати муътамаду озмудашудааст”.

Изҳори бовар карда шуд, ки боздиди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаиқарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Синдзо Абэ дар навбати худ бо ишора ба мавқеи муҳими Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳади тулонияш бо Афғонистон ҳавасмандии Японияро ба густариши робитаҳо бо кишвари мо таъкид дошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520