Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор

27.10.2015 09:56, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор бахшида ба 3000 – солагии Ҳисори шодмон  як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хонаро, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Убайдуллоев бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре иттилоъ доданд, ин бино дар ҷойи собиқ матбааи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он матбааи нав, толори арусӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон ҷойгир шудааст. Ин иншоот дар масоҳати беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ дар мӯҳлати 10 моҳ бо арзиши зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Пудратчии сохтмон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суҳайлӣ буда, лоиҳакаш ҷамъияти саҳҳомии кушодаи пажуҳишгоҳи лоиҳасозии конструктивию технологии Селтехпроект мебошад. Дохили ҳуҷраҳо низ ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.

Ҳоло дар толори арӯсии бо номи Садаф барои гуларӯсон сару либоси милливу аврупоӣ, ки аз ҷониби тарроҳони тоҷик дӯхта шудаанд, гузошта шуда, бо ифтитоҳи ин иншоот сокинони ноҳия метавонанд аз он истифода намоянд. Сару либоси арӯсие, ки дар ин толори навтаъсис гузошта шудааст, аз ҷониби тарроҳон бо усулҳои хос дӯхта шудаанду хеле зебову назаррабо мебошанд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми ин бинои баландошёна тавре зикр гардид,  матбааи замонавӣ ҷойгир шудааст, ки бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 11 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Матбаа дорои имконоти чопи китобу маҷалла, шиору овезаҳо ва умуман тамоми намуди хизматрасониҳои тарғиботӣ мебошад. Дар бинои навбунёд як маркази дилхушӣ барои кӯдакон бунёд карда шудааст, ки бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар шафати ин бино бошад, аз ҷониби соҳибкори дигар Илҳомҷон Назруллоев як бинои баландошёнаи истиқоматии 6-ошёна бо таҳхонаву болохона бунёд гардидааст, ки дорои 20 хона ва маркази хизматарсонӣ аст. Корҳои сохтмонии ин иншоотро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдгар анҷом додаанд. Бинокорони ин корхона тавонистаанд дар  муҳлати 9 моҳ  ин биноро пурра сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дохили хонаҳо низ таъмир карда шуда, имрӯз истиқоматкунандагони онҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорӣ дар хонаҳои барҳаво зиндагӣ мекунанд.

 Тибқи иттилои масъулин дар корҳои сохтмонии ин бино беш аз ду миллион сомонӣ сарф шудааст. Ба ақидаи соҳибкорон ин туҳфаи хубе аст барои сокинони ноҳия бахшида ба 3000 – солагии Ҳисор.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520