Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

27.10.2015 10:05, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон  Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Бо  қаноатмандии бузург ба Шумо табрикот ва таманниёти беҳтарини худро ба муносибати иди миллии Туркманистон - 24-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ирсол менамоям. 

Мо аз он қаноатмандем, ки ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон муҳтавои нави мусбати дорои хусусиятҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона касб мекунад.  

Изҳори умед мекунам, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ равнақ меёбанд. Мо аз ҷониби худ тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки ин муносибот ҳамаҷониба тақвият ёбанд.

Мехоҳам ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатӣ ва комёбӣ, ба мардуми бародари туркман сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно бикунам». 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520