Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

28.10.2015 09:46, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси сарфарозии ин ҷониб аст, то Ҷаноби Олӣ, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Чехияро ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст самимона табрик ва таҳният гӯям.

Дар Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо бо Чехия дар соҳаҳои мухталиф бо таваҷҷӯҳи хоса менигаранд. Тавсеа ва таҳкими беш аз пеши ин муносибот ба манфиати мардумони ду кишвари дӯст ва сулҳу субот дар минтақа хоҳад буд.

Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду кишвар густариши тоза касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, хушбахтиву саломатии бардавом ва ба мардуми дӯсти Чехия хушрӯзӣ ва саодат орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520