Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

29.10.2015 09:15, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати фарорасии солгарди иди миллии Ҷумҳурии Туркия Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик мегӯям.

Мо аз он қаноатмандем, ки солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар густариш ва тавсеаи матлуб ёфт, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст.

Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми Туркия – шукуфоиву саодати зиндагӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520