Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори гулпарварони ҶДММ Пайванд

17.11.2015 14:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд, ки асосон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, аз наздик шинос шуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар масоҳати 3 гектар, аз ҷумла дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҷо 15 нафар мардон ва занони гулдаст ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд ва дар давоми 4 сол коргарон онро ба як макони зебову дилфиреб табдил додаанд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, иқлими кишвари мо субтропикӣ ва зудтағйирёбанда мебошад, аз ин рӯ дар заминҳои ин қитъа ниҳоли дарахтони гуногуни ба иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ аз Италия, Белгия ва Ҳолланд ворид карда мешаванд.

Бештар ин ҷоро дарахтони намудҳои гуногуни себ, нок, олу, аз ҷумла себу олуи пурпур, олуи систена,  гелос, анҷир, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, туя аризонти маҳаллӣ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ хушу муаттар кардааст.

Дар гармхонаҳо коргарон ба парвариши қаламчаи ниҳолҳо ва гулҳои гуногун машғуланд.

Қитъаи алоҳида инчунин барои парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи себ, нок ва лимон ҷудо карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба кори мутахассисон баҳои баланд дод ва барои рушди соҳа, ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри ободонии диёр ба онҳо дастуру ҳидоятҳои муфид дод.

Инчунин Президенти мамлакат ба масъулини соҳа супориш дод, ки бо истифода аз заминаи мусоиди ин парваришгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани Муассисаи давлатии “Боғи парчами миллӣ”, “Боғи муҷассамаи нишони давлатӣ”, Муассисаи давлатии илмии марказии “Боғи Ирам”, Муассисаи давлатии “Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ба саломатӣ фоидаовар истифода баранд. 

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мағозаи “Пайванд” оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, сохтмони мағозаи мазкур соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба охир расидааст ва дар он  5 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.

Дар ин ҷо намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Мағозаи зебову барҳавои фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди корҳои ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Пайванд сохта шудааст.

Ҳадафи Президенти мамлакат аз ифтитоҳи ин мағоза фароҳам овардани шароит ба нафарони дорои завқи баланди зебоипарастӣ мебошад. 

Мутахассисон дар баробари фурӯши ниҳолҳо ва буттаҳои ороишӣ, инчунин имкон доранд барои парвариши ниҳолҳои ороишӣ маслиҳатҳои муфид диҳанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520