Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

24.11.2015 17:08, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони сокинони шаҳри Душанбе!
Ҳозирини арҷманд!

Дар ин лаҳзаҳои басо пурифтихор ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо хонаи ободу сари баланд орзу менамоям.

Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. 

Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишварамонро ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул кардем.

Аз оғози қабули Парчами давлатӣ миллати созандаи тоҷик таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.

Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи  нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст. 

Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Мехоҳам ин лаҳзаҳо бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намоям, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ ватандорӣ ҳисобида мешавад.

Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлатро маҳз тавассути парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил, аз ҷумла халқи тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам маҳсуб мешавад.  

Шумо доимо мушоҳида мекунед, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон афрохта мешавад. 

Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам парчами тоҷикон ба ифтихори  дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам  мустаҳкам мегардад.   

Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон аст, ки парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин, кулли мардуми кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тарзи эҳтиром ва расидан ба қадри ин муқаддасоти миллиро хуб донанд ва мувофиқ ба он рафтор намоянд.

Аз ин лиҳоз, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро  гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст.

Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ ҳамеша мояи ифтихори  ватандории тоҷикон бошад!

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон дар фазои беғубори кишварамон то абад парафшон бошад!

Бори дигар ҳамаи шумо, ширкаткунандагони тантанаи идонаи имрӯзаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзумандам.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520