Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумат доир ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Бадахшон

09.12.2015 11:02, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доир гардид.

Дар оғози машварат доир ба талафоту хисороти аз заминларза воридшуда ва чораҳои фаврии то ин дам андешидашуда Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузориш дод.

Тавре зикр гардид, дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд.  Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд.

Чунонки иттилоъ доданд, бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Тоза кардани роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз сангу шағали бар асари заминларза болои роҳҳо рехта бо сафарбар кардани техникаю механизмҳои зарурӣ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Як қисми роҳҳо аллакай тоза шудаанд. Давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд.

Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ шабу рӯз фаъоланд.

Супориш дода шуд, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нави худ оғоз намоянд.

Тибқи дастури дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шавад.

“Чархболҳо низ барои расондани кумакҳои фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд”,- таъкид намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520