Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

17.12.2015 11:06, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Гурбонгулӣ Мяликгулиевичи ниҳоят гиромӣ,

Аз Ашхобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи фиристонидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, бо миннатдорӣ хабар ёфтем.

Мо ин иқдомро ҳамчун як нишонаи дастгирии ҳамдигарии анъанавии бародарона, ки саршор аз муносибатҳои ғании бисёрасра миёни мардумони тоҷику туркман аст, мешуморем.

Мо мутмаинем, ки ин дастгирии бародарона кумаки хубе дар кӯшишҳои бартараф сохтани оқибатҳои заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвари мо хоҳад буд. Он фавран ба минтақаҳои аз офати табиӣ хисоротдида равона шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолии зарардида ва ҳамчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ истифода мешавад.

Гурбонгулӣ Мяликгулиевич, иҷозат диҳед, бори дигар ба Шумо барои ин амали дӯстона самимона изҳори ташаккур кунам ва ба халқи бародари туркман хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намоям».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520