Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Императори Япония Акихито

23.12.2015 16:57, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Аълоҳазрат,

Бо изҳори хушнудӣ Шумо Аълоҳазрат ва тамоми мардуми дӯсти Японияро ба муносибати солгарди Иди миллии кишвар самимона табрик ва муборакбод менамоям.

Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Япония ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем.

Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Аълоҳазрат тансиҳативу саодат орзу намуда, ба мардуми дӯсти Япония сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520