Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

02.02.2016 11:25

Имрӯз бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.

Назарзода Рустам аз вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шуд.

Салимзода Шерхон Одина Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷумазода Шарифҷон, ки то ин вақт мудири Котиботи сарвазири мамлакат буд,  иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.

Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуд ва ба ҷойи ӯ Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин раиси ноҳияи Шаҳринав таъин гардид.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бобозода Ғуломҷон Ҷура Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Абдураҳимов Хайриддин Саидович аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Зуҳуров Сайдамир бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид.

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ озод ва ба ҷойи ӯ Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ таъиншуда онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор бояд ҳамеша дар мадди аввал гузошта шаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520