Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди боғи 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор

25.02.2016 11:15, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Ҳадафи ин сафар идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ба бунёди садҳо гектар боғи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ Пешвои ғамхору ояндасоз Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Ҳисор гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 сокини ноҳия ва дар маҷмуъ барои дидору мулоқот бо Пешвои миллат беш аз 15 ҳазор сокини ноҳия ҷамъ омад.

Дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳои ноҳия пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо комёбиҳои меҳнатии сокинони ноҳия шинос шуд.

Дар намоишгоҳ асосан меваҳои шаҳдбори ноҳия, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангуру себ, ки дар сардхонаҳо тару тоза нигоҳубин мешавад, ба маъраз гузошта шуд. Мутахассисон тарзи гуногуни нигоҳубини меваҷотро намоиш доданд. Дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор то имрӯз баҳри нигоҳубини меваҷот барои 5000 тонна сардхонаҳо сохта шудааст, ки аз он самаранок истифода мебаранд.

Ноҳияи Ҳисор, ки диёри зархез аст, дар баробари мевагию сабзавот дар ин ҷо зироатҳои гуногуни ғалладонагӣ ба таври васеъ кишт мешавад. Навъҳои гуногуни тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ пешкаш карда шуд.

Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия ба таври матлуб рушд кардааст. Парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ намунаи беҳтарини чорводории муваффақ дар ноҳия мебошад. Дар 21 хоҷагии чорводории ноҳия гӯсфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад. Дар намоишгоҳ намунаи ин зоти гӯсфандро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳ ва шиносоӣ бо маҳсули дастранҷи сокинони ноҳия ба натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, мардумро ба идомаи фаъолияти бобарору муваффақ барои таъмини пешрафти иқтисодии кишвар ҳидоят намуд.

Баъди тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, якчанд ниҳоли дарахтони гелос, олу ва себ шинонд.

Дар маъракаи ниҳолшинонии имрӯза бо иштироки Сарвари давлат дар майдони 340 гектар ниҳолҳо шинонида шуд, аз ҷумла дар майдони 72 гектар гелос, 67 гектар олу, наздики 13 гектар себ. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оянда майдони боғот боз васеъ карда мешавад.

Ҳоло дар дигар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Хонақоҳи куҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода мешавад.

Дар асоси барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд карда шавад. Асосан ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронида, парвариш мегардад. Даромад аз фурӯши ин гуна меваҷот барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум равона мегардад.

Зимни сафарҳои қаблии кории худ ба ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дастур дода буданд. Тавре маълум гардид, бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои супоришҳои ояндадори Президенти мамлакат аллакай то имрӯз дар доманакӯҳҳои ноҳия ҳазорҳо гектар боғи дарахтони гуногуни мевадиҳанда бунёд карда шудааст.

Қаблан иқдомҳои бузург оид ба бунёди боғҳо дар ноҳияи Ҳисор аз ҷониби Президенти мамлакат амалӣ гардида буданд. Боғи 15 — солагии Истиқлолият ва Боғи 3000 — солагии Ҳисор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, мавзеъҳои ноҳияи Ҳисор барои парвариши ангури навъи тоифӣ, ки ҳосили он низ барои содирот нигаронида шудааст, мутобиқ мебошад.

Баъди бунёди боғоти нав дар робита ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар ин ҷо корхонаи бастабандии меваҷот, аз ҷумла гелос бунёд мегардад. Ин боз як омили таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Заҳматкашони ноҳияи Ҳисор дар масъалаи содироти мева ба хориҷи мамлакат таҷрибаи ғанӣ доранд. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 21 000 тонна ангур истеҳсол шуд, ки аз нисф зиёди он ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина ва Қирғизистон фиристода шудааст. Дар сардхонаҳои ноҳия миқдори зиёди ангуру себ захира карда шудааст.

Зимни суҳбати самимие, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони заҳматкаши ноҳияи Ҳисор дошт, Сарвари давлат онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва меҳнати софдилонаю содиқона ба нафъи Ватан ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба манфиати бунёди боғҳои мевагии содиротӣ ба масъулуини соҳаи кишоварзӣ супориш дод, ки “Содироти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон ба Федератсияи Русия худи ҳамин сол 1,5 баробар ва то соли оянда 3 баробар афзун карда шавад”!

 Ин яке аз супоришҳои меҳварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тайи ду сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор дирӯзу имрӯз дода шуд.

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки “имрӯз муҳимтарин шарики стратегии мо – Федератсияи Русия ба афзун гардидани воридоти меваю сабзавоти шаҳдбори Тоҷикистон манфиатдор аст ва ин ба манфиати мо низ ҳаст”.

 Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло олимону мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ва ҳам соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Федератсия Русия, пеш аз ҳама аз канораи Краснодари ин кишвари паҳновар ҳамкории пурсамар ба роҳ мондаанд.

 Чунонки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, заминаи зарурӣ барои афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва содироти он ба хориҷи кишвар муҳайё аст, зеро тайи солҳои охир бо амалӣ намудани чанд барномаи давлатӣ дар майдони беш аз 75 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфт. Ғайр аз ин, дар доираи татбиқи барномаи нави ин соҳа, ки барои солҳои 2016-2020 қабул шуд, дар майдони беш аз 20 ҳазор гектари дигар боғу токзори нав бунёд меёбанд. Дар аксари ин боғу токзор ниҳолҳои навъҳои содиротӣ, ки меваи онҳо дар хориҷи кишвар харидорони бешумор доранд, парвариш меёбанд.

 Ҳамин гуна нақшаҳои калонмиқёс дар бахши сабзавоткорӣ, аз ҷумла парвариши сабзавоти барвақтӣ, амалӣ мешаванд. Ин аст, ки имсол танҳо пиёзи барвақтӣ бояд дар ҳаҷми беш аз 200 ҳазор тонна аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия содир карда шавад.

 Бино ба таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои боғутокпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар Тоҷикистон ояндаи басо наку дорад, зеро талабот ба меваю сабзавоти хушлаззати мо дар хориҷи кишвар хеле зиёд аст ва сол ба сол бозорҳои нав ба нав дар минтақа ва ҷаҳон дарҳои худро ба рӯйи деҳқонону боғпарварони тоҷик боз мекунанд.

Сокинони ноҳияи Ҳисор ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои созанда ва ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманд изҳори сипос карда, қадами Пешвои миллатро дар сарзамини бостонии Ҳисор файзбахшу муборак хонданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520