Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 25 феврали соли 2016 №79
ш. Душанбе

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»



Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ҳал намояд.
3. Бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида шаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» дар соли 2016 ва солҳои минбаъда чораҳои зарурӣ андешад.
5. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».
6. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон».
7. Лимити автомобилҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба миқдори 1 адад муқаррар карда шавад.
8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520