Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

20.03.2016 17:55, шаҳри Душанбе

Дар нимаи дуюми рӯзи 20 марти соли равон бо ташаббуси ҷониби Афғонистон сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Дар рафти сӯҳбат сарварони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя ҳамдигар ва мардумони кишварҳояшонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод намуданд.

Ҳангоми сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯзаву дурнамои робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои худ доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ва иштирок дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ  дар тарҳи дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ – КАСА-1000  даъват ба амал овард. Раисҷумҳури Афғонистон ин даъватро бо хушӣ пазируфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520