Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария

22.03.2016 17:16, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари мудҳиши силсилаи таркишҳои фоҷеабори террористиро дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гаштаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Мавҷи даҳшатангезу ғайриинсонии амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтаанд, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзияву тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Шоҳигарии Белгия ва ҳамдардии амиқ ба наздикони қурбоншудагон орзуманди шифои комили осебдидагон ҳастем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520