Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ханс Улссон

01.02.2005 10:00, шаҳри Душанбе

1 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нахустини Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ханс Улссон эътимоднома қабул кард.

Мо ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо бо Шветсия манфиатдорем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ, ки баъди маросими  расмии эътимодномасупорӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба инкишофи муносиботи дуҷониба, ҳамкорӣ дар доираи созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ ва масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд,  ки имзои Созишномаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли гузашта барои вусъати ҳамкориҳои боз ҳам самарабахш марҳилаи нав кушод.

Сафири Шветсия иброз дошт, ки баҳри истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, туризм ва саноати хурокворӣ талош хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520