Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили

03.02.2005 09:30, шаҳри Душанбе

3 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

"Аз хабари вафоти ногаҳонии Сарвазири Гурҷистон хеле андӯҳгин шудам.

Зураб Жвания дар хотири мо на танҳо ҳамчун яке аз ходимони намоёнтарини давлатии Гурҷистон ва сиёсатмадори  хирадманду одил, балки  ба ҳайси як шахсияте, ки дар таҳкими демократия, таъмини сулҳу суботи Ватани худ ҳиссаи калон гузоштааст, боқӣ мемонад .

Аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Президент, хоҳиш мекунам, ки ҳисси ҳамдардии моро ба хешу табор ва пайвандони марҳум расонед".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520