Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раисони як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.02.2005 17:00, шаҳри Душанбе

14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва роҳбарони  кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот дошт.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи  боғу токпарварӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмини хоҷагиҳо бо маводи сӯхт, қувват бахшидани ҷараёни соҳилмустаҳкамкунӣ, баланд  бардоштани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин танзими расму ойинҳои мардумӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ мароқ зоҳир карда шуд.

Нахуст раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони  кумитаҳо доир ба авзои кунунӣ дар маҳалҳо ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Дар мулоқот масъулин доир ба анҷоми маъракаи  имсолаи адои ҳаҷи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои фарогири тарбияи ҷавонон, ташкили чорабиниҳои илмию амалӣ, фарҳангию варзишӣ гузориш доданд. Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки имсол бори нахуст маросими сафари  зоирин ба шаҳрҳои Маккаю Мадина дар сатҳи зарурии ташкилӣ бидуни мушкилоту монеаҳои қаблӣ амалӣ карда шуд.

Сарвари давлат барои боз ҳам беҳтар намудани ин соҳа ва танзими сафари зоирин ба ҳаҷ супоришҳои мушаххас дод.

Раисони шаҳру навоҳӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазифадор шуданд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин доир ба  нақшаҳои кории имсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо нишондоди вақт ва заминаҳои асосии зарурату афзалияти чорабиниҳо гузориш пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520