Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

18.02.2005 13:00, шаҳри Душанбе

18 феврал дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Тавре дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат изҳор  дошт,  ҳадафи мулоқот баррасии фаъолияти  Шӯрои ҷамъиятӣ ва вазъи ҳамкориҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба хотири ҳалли проблемаҳои  ҷомеаи кишвар, ташаккулу таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи дарку шуури мардум дар шароити ҷаҳони  пуртазоди муосир буд.

Сарвари давлат ба вазъи кунунии ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат дахл карда, интихоботи дарпешистодаи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии халқро, ки дар он шаш ҳизби сиёсӣ иштирок хоҳанд кард, рӯйдоди муҳим номид ва афзуд, ки он бояд шаффоф ва аз рӯи  принсипи гуногунандешии сиёсӣ, иштироки озоду фаъолонаи мардум дар рӯҳияи баланди сиёсӣ ва ифтихори ватандорӣ баргузор шавад.

Дар мулоқот ба масъалаҳои тарғиби арзишу аҳамияти истиқлолияти давлатӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ,  донишу маърифати муосир ва тарзи ҳаёти солим, тарбияи кадрҳои варзида, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстремизм ва ба таъмини волоияти қонун аҳамияти махсус дода шуд.

Маслиҳату пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳимтарини рушди ҷомеа аз ҷониби ҳозирин ҷонибдории қавӣ пайдо кард ва қарори дахлдори фарогири нақшаҳои  ояндаи фаъолият қабул гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520