Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳашари умумихалқии ниҳолшинонӣ

05.03.2005 13:00, шаҳри Душанбе

5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт дар ҳашари умумихалқии ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Маҳалли асосии ҳашар майдони назди Қасри Миллат, ки сохтмони он босуръат идома дорад, қарор гирифт. Субҳи барвақт кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо ифтихору сарфарозӣ аз иштироку саҳмгирӣ дар ободонию сохтмони ин иншооти бузург  дар ин ҷо бештар аз панҷ ҳазор бех ниҳолҳои сарву санавбар, арча, ёси ҳиндӣ, шоҳбулути роғӣ ва чалғӯзаи ҳимолоӣ шинонданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520