Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо раиси Ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайс

15.04.2005 17:30, шаҳри Душанбе

15 апрел  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷамъияти саҳҳомии РАО ЕЭС Анатолий Чубайсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бахши истеҳсоли нерӯи барқ мароқ зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки оғози сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-1 ибтидои марҳилаи нави ҳамкориҳои  серҷанбаи Тоҷикистону Россия хоҳад гашт.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки лоиҳаи сохтмони ин иншооти муҳим ҳамчун пешоҳанги ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар таҳкими муносиботи дуҷониба, истифодаи боз ҳам самарабахши иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкориҳои муштарак таъсири амиқ хоҳад гузошт ва он намунаи беҳтарини равобит дар доираи кишварҳои узви ИДМ мегардад.

Мусоҳибон дар мавриди  ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла азхудкунии захираҳои бойи зеризаминӣ, металлҳои қиматбаҳо ва дигар ашёи хом, ки дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад, андешаҳои судманд баён доштанд.

"Истифодаи мақсадноки захираҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - на танҳо барои ҷумҳурии мо балки барои аксар мамолики ҳамсоя, аз ҷумла Федератсияи Россия манфиатнок хоҳад буд".

Сӯҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520