Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхоёно

21.04.2005 16:30, Индонезия

Дар доираи сафари хеш ба Индонезия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин давлат Сусило Бамбанг Юдхоёно мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот, ки дар фазои хеле созандаю боварибахш ҷараён гирифт, ба татбиқи созишномаҳои байнидавлатии соли 2003 аснои нахустин сафари давлатии роҳбарияти олимақоми Тоҷикистон дар Ҷакарта ба имзо расида, аҳамияти бештар дода шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқоти тӯлонию самарабахш ба самтҳои  мухталифи  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ба хусус, бо роҳи сармоягузорӣ дар ҷодаи азхудкунии захираҳои қиматбаҳои табиӣ аҳамияти хоса дода, истифодаи мақсадноки  иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкориро омили муҳимми инкишофи муносиботи дуҷониба маънидод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхоёно дар мавриди вусъати  ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон талошу дилгармии воқеии Ҳукумати кишварашро баён дошта, ваъда дод, ки барои саҳмгузорӣ дар азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои  бонуфузи кориро ба Душанбе мефиристад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сусило Бамбанг Юдхоёно барои ташкили шароити хуби баргузории Саммити Осиёву Африқо изҳори сипос намуда, ҳамзамон бори дигар аз номи халқи Тоҷикистон ба оилаҳои аз офатҳои табиии  моҳҳои охир зарардидаи Индонезия ҳамдардии амиқ баён кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз Президенти Индонезия даъват ба амал овард, ки  дар вақти барояш мусоид  бо Сафари расмӣ ба Душанбе ташриф орад ва ин даъват аз ҷониби Сусило Бамбанг Юдхоёно бо сипосу эҳтироми бепоён пазируфта шуд. Муҳлат ва замони сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520