Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Мурдумии Чин Ху Ҷинтао аз раванди муваффақонаи робитаҳои дуҷонибаи бисёрсамта изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки марҳила ба марҳила татбиқи устувории созишномаҳои байниҳукуматӣ натиҷаҳои пурсамар медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мурдумии Чин Ху Ҷинтао дар ҷараёни сӯҳбати дӯстонаву самимӣ ва тулонӣ ба як қатор масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир намуда, дар масоили вобаста ба таҳкими амнияту суботи устувор ва барҳам задани омилҳои ёрирасони молиявии гурӯҳҳои тахрибкор ҳамфикр буданд.
Бо назардошти зарурати рушди заминаҳои қарордодию ҳуқуқӣ вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар баҳри омодасозии сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд.