Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷопон Дзюнитиро Коидзуми

26.04.2005 14:00, шаҳри Душанбе

26 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷопон Дзюнитиро Коидзуми барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Аз хабари  ба фалокат дучор шудани қатораи  роҳи оҳан, ки дар натиҷаи  он даҳҳо нафар ҳалок ва садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд, сахт андӯҳгин гардидам.

Аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сидқан изҳори ҳамдардӣ намуда аз Шумо, мӯҳтарам ҷаноби Сарвазир, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони ҳалокшудагон расонед".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520