Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ро Му-Хюн

23.05.2005 12:00, Корея

Дар доираи барномаи сафар рӯзи 23-юми май нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ро Му-Хюн мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ шуданд.

"Дар муносибати бисёрҷабҳаи Тоҷикистону Корея имкониятҳои истифоданагардида ҳанӯз хеле зиёданд", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва сангҳою маъданҳои қиматбаҳо мебошад.

Тарафҳо ташкили корхонаҳои нави муштараки истеҳсолию коркард ва дар ҳамин замина ҷалби ҳарчи бештари сармояро ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятноку саривақтӣ маънидод карданд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба роҳ мондани муносиботи дуҷонибаи дипломатӣ аз соли 1992 ҳамкориҳои соҳибкорони Тоҷикистону Корея вусъати нав пайдо кард, корхонаҳои муштарак ва як қатор лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахши таҷдиди шабакаҳои телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои самарабахш ба бор меоранд. Тавре аснои сӯҳбат таъкид гардид, афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумат ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ талоши зиёд доранд.

Дар сӯҳбат доир ба ҷалби нерӯҳои корӣ ба корхонаҳои муқтадири саноатии Корея, тарбияи мутахассисони соҳаҳои мухталиф, марҳила ба марҳила бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқа ҳосил гардид.

Сарони ду кишвари дӯст ҳамзамон ба як қатор масъалаҳои дорои характери минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус ривоҷи муборизаҳои муштараки байналмилалӣ бар зидди терроризм, экcтремизм, истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир ва вусъати марҳилаи барқарорсозии иқтисодии Афғонистон мароқи афзун зоҳир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Корея Ро Му-Хюн даъват ба амал овард то дар мӯҳлатҳои ба худ мувофиқ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кунад. Даъват бо қаноатмандӣ қабул карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520