Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Демократии Конго ҷаноби Акариас Руберва Манива

25.05.2005 10:00, Корея

25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи муваққатии худ дар Сеул ноиби Президенти Ҷумҳурии Демократии Конго ҷаноби Акариас Руберва Маниваро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазирифт.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва як қатор масоили дорои характери байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷумҳурии Демократии Конго (қаблан Зоир) аз кишваҳои Африқои Марказӣ буда, зиёда аз 60 миллион аҳолӣ дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш 42 миллиард доллар, қарзи беруниаш 11 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Дар ин кишвар баъд аз ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ, ки боиси сарнагун кардани диктатор Мобуту гашт, гурӯҳи Лоурент Кабила ғалаба кард, вале баъди чанде ин сарвари  мухолифин аз тарафи Президенти собиқ Мобуту кушта шуд ва сарварии кишвар ба дасти писараш Ҷозеф Кабила гузашт. Вазъи кишвар ҳанӯз аз истиқрори комил дур аст.

Тарафҳо дар бораи вазъи кишварҳои худ табодули назар намуданд. Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбати худро ба таҷрибаи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷалб намуд. "Ин таҷриба, - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,- ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси  ҳалли намунавӣ пазируфта шудааст, қобили омӯзиш ва татбиқ дар дигар манотиқи ҷангзада ва низоъхез аст. Мо омодаем, ки таҷрибаи худ ва ҷараёни ислоҳоти минбаъдаи Тоҷикистонро дар сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳое, ки ба он ниёз доранд, гузорем".

Ҷонибҳо омодагии хешро бобати ба роҳ мондани робитаҳои самарабахши ҳамкорӣ изҳор доштанд.

Сӯҳбат дар фазои созанда ва самимӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520