Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Есуй

25.05.2005 19:00, Чин

Аснои бозгашт аз Сеул нимаи дуюми рӯзи 25-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваққуфи кӯтоҳмуддат дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Есуй мулоқот кард.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои фарогири робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин диққати махсус доданд.

Тарафҳо аз ривоҷи ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб боровар, афзоиши гардиши моли миёни кишварҳо ва рушди муносиботи неки ҳамсоягӣ қаноатмандӣ изҳор дошта, онро натиҷаи талошҳои бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзин Тао, ки аз талабу хоҳишҳои мардумони  ҳар ду ҷумҳурӣ бармеояд, маънидод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ривоҷу равнақи равобити минтақавӣ, тавассути сохтмони роҳу кӯпрукҳои замонавӣ, таъмини шароитҳои озоди рафтуомаду додугирифти шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва андешидани тадбирҳои мушаххаси таъминкунандаи амнияту суботи минтақа таклифҳои судманд баён кард, ки аз ҷониби котиби иҷроияи Созмон бо қаноатмандӣ пазироӣ гардид.

Бешубҳа ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея ва мулоқотҳои ӯ бо як қатор ширкатҳои соҳибмавқеи Корея, доираҳои соҳибкории ин мамлакат, роҳбарони воломақоми он - Президенти Ҷумҳурии Корея Ро Му-Хюн, Садри Парламент, Раиси ассамблеяи миллии Корея Ким Вон Ки, Сарвазири шоҳигарии Таиланд Таксин Шанатавр ва ноиби Президенти Ҷумҳурии Демократии Конго ҷаноби Акариас Руберва Манива ва сӯҳбату вохӯриҳои пурарзишу заминагузори рушди муносиботи серҷабҳаи иқтисодию тиҷоратӣ дар татбиқи амалии сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии он муайян гардида буд, қадамҳои наву боварибахш гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми ташриф аз Ҷумҳурии Корея ва таваққуфи муваққатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин шоми 25 майи соли 2005 ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520