Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.06.2005 14:00, шаҳри Душанбе

2 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Сипас  аъзои ҳукумат гузориши мудири шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Абдураҳмонова ва вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллоевро, ки бурду бохти соҳа, мушкилоту пешравиҳои муассисаҳои ҳифзи сиҳҳатии омма, дурнамо ва татбиқи ислоҳоти соҳаи тибро дар бар гирифт, мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор доданд.

Тавре дар ҷараёни муҳокима таъкид гашт, маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2002 қариб 1,5 баробар афзудааст.  

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ду соли охир ба ин соҳа дар ҳаҷми умумии 72,6 миллион доллари ИМА ёриҳои башардӯстона расидаанд.

Дар маҷлис аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҳанӯз ҳам дар фаъолияти муассисаҳои табобатӣ зуҳуроти ришвахӯрӣ мушоҳида мегардад. Аксарияти дӯконҳои доруфурӯшӣ хусусӣ гардида, нархномаҳои  аниқ мавҷуд нест.

Аксаран дар деҳот нарасидани  мутахассисон эҳсос мешавад. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо таваллудҳои хонагӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо мақсади таъмини шароити боз ҳам мусоиди беморхонаҳо, бевосита дар заминаи корхонаҳои  маҳаллӣ ба роҳ мондани  истеҳсоли доруҳои  ҷавобгӯи талаботи рӯз, тайёр кардани мутахассисони  варзидаи соҳа тадбирҳои мушаххас андешида шавад. 

Аснои баррасии масъалаи тасдиқи барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ, Сарвари давлат супориш дод, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин барои мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2,5 ҳазор компютери  замонавӣ ҷудо карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз дастуру нишондод ва таклифу пешниҳодоти дар мулоқот бо намояндагони  ҷавонони мамлакат ёдовар шуда, тазаккур дод, ки иҷрои онҳоро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст. "Татбиқи амалию саривақтии онҳо ба манфиати пешрафти кор ва ҳалли мушкилоти созандагони фардои ҷомеа аст",- афзуд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамзамон талаб кард, ки татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳои  вобаста ба  паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вусъат дода шавад.

Дар маҷлис дар бораи барномаи инвеститсияҳои давлатӣ, грантҳо ва ёрии техникӣ барои солҳои 2005-2007 қарор қабул гардид.

Тавре зикр ёфт, 700 млн. доллари ИМА ёрии бебозгашт мебошад ва он имконияти азими таконбахши рушди рӯзафзуни иқтисодиёти миллӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва бештар аз ҳама болоравии сатҳи некуаҳволии мардум хоҳад буд.

Дар маҷлис лоиҳаи Созишнома байни маркази байналмилалии  илмиву техникӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартҳои амали шӯъбаи минтақавии дар Тоҷикистон будаи маркази байналмилалии илмиву техникӣ, лоиҳаҳои созишнома дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ИМА оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар соҳаи дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 27 январи соли 2003, Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  сиёсати аграрии Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва Созишнома байни Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон маъқул дониста шуданд.

Дар хатми маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, оммавӣ гардонидани бозиҳои миллӣ, ташкили мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, таъмиру таҷдиди мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ, омодасозии фароғатгоҳҳои тобистонаи мактабиён, пардохти бемамониату саривақтии маблағҳои маош ва рухсатии омӯзгорон, вусъати раванди додани қарзҳои хурд ба соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин таъсиси грантҳо барои ҷавонони лаёқатмандро аз масъалаҳои муҳимми рӯз арзёбӣ карда, ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520