Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов ва раиси шаҳри Панҷакент Шакарбек Самадов

10.06.2005 10:00, шаҳри Душанбе

10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов ва раиси шаҳри Панҷакент Шакарбек Самадов телефонӣ сӯҳбат карда, ба аҳли оилаи  шахсони ҳалокшуда ҳамдардӣ баён намуд.  Сардори давлат дастур дод, ки ба оилаҳои  зарардида кӯмаки зарурӣ расонида шавад. Аз ҷумла, ба онҳо то фасли  тирамоҳ барои сохтани  хонаҳои нав замин ҷудо карда мешавад.

Тавре хабар дода шуда буд,  дар натиҷаи  боронҳои  шадиди 8 июн борида ва сели калон аҳолии деҳаҳои Вагош, Бодгоҳ, Шинг ва Ғиждавраи ноҳияи Панҷакент зарари калон дид.  Хабар дода мешавад, ки  дар ин деҳаҳо 73 хона хароб гардида, 4 нафар бар асари сел ҳалок шуд. Илова бар ин даҳҳо километр роҳҳоро сел шуста бурд, дар деҳаи Косатарош як купрук вайрон шуд. Дар натиҷа рафтуомади нақлиёт дар деҳаҳои мазкур қатъ гардид. Зиёда аз ду ҳазор кас бесарпаноҳ монд. Ба иқтисодиёти ноҳия зарари калон расид.

Сардори давлат, инчунин ба Сарварзир супориш дод, ки барои барқарор сохтани купрукҳои харобгардида, шабакаҳои обрасонӣ, хатҳои  интиқоли барқ ва бо маводи озуқа ва асбоби анҷоми дигари зарурӣ таъмин кардани одамони зарардида тадбирҳои фаврӣ андешад.

Айни ҳол Вазорати ҳолатҳои  фавқулоддаи  ҷумҳурӣ ба ин маҳалҳои аҳолинишин кӯмаки таъҷилӣ, аз ҷумла 76 хайма ва миқдори зарурӣ озуқа фиристод.

Ҳукумати мамлакат ба ҳамаи вазорату идораҳои мутасаддӣ барои ҳарчи зудтар бартараф сохтани  оқибати  боришҳо дар ноҳияи Панҷакент супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520