Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов

15.06.2005 14:00, шаҳри Душанбе

15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Ниёзмамадов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бинобар сабаби афтодани кӯҳпора дар ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, Сарвари давлат ба сокинони ноҳия ва оилаҳои зарардида, изҳори ҳамдардии амиқ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҳолати мавзеъи офатзадаро омӯхта, барои пешгирии  ҳодисаҳои дигари фаромадани кӯҳпораҳо чораҳои амалӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520