Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризои Ориф

05.07.2005 15:00, Қазоқистон

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризои Ориф мулоқоти самимию тӯлонӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, ба хусус Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" ва роҳи зеризаминӣ тавассути ағбаи Анзоб баррасӣ шуданд.

Ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризои Ориф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати ҳамаҷониба ва дастгирии шахсӣ ҷиҳати қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати мушоҳиди Созмони Ҳамкории Шанхай аз номи халқу давлати мамлакаташ изҳори сипосу қадрдонӣ намуд.

Дар мулоқот ба маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкорӣ, ривоҷи ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамзамон масоили дорои характери иқтисодию тиҷоратӣ мароқи хос зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520