Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Натвар Сингх

05.07.2005 21:00, Қазоқистон

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Остона вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Натвар Сингхро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон манфиатдор буда, ба ояндаи бобарору пурсамари ҳамкориҳо эътимоди амиқ дорад.

Таъкид гардид, ки ба ҳайси мушоҳид пазируфта шудани Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Созмони Ҳамкории Шанхай омили муҳимми рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими муносиботи бисёрҷонибаи серҷанба дар доираи ин созмони мӯътабари ҷаҳонӣ мебошад.

Дар мулоқот доир ба муҳимтарин масъалаҳои дорои характери минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520