Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ

18.04.2016 16:23, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Япония сангин ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520