Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Шӯрои назорати маводи мухаддири Шоҳигарии Таиланд генерал-лейтенанти полис Крисан Поланант

10.08.2005 16:00, Таиланд

10 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи барномаи кории нахустин сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд дар шаҳри Бангкок бо Дабири кулли Шӯрои назорати маводи мухаддири Шоҳигарии Таиланд генерал-лейтенанти полис Крисан Поланант вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо имзои Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд "Дар бораи ҳамкорӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқунунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо"-ро заминаи боварибахши ривоҷи робитаҳои сохторҳои марбутаи ду давлат номиданд.

Сӯҳбат дар мавзӯи таҳкими мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хеле доманадору ҷиддӣ сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои воқеию асоснок роҳи ягонаи муборизаро дар вусъати раванди барқарорсозии Афғонистон, обёрии заминҳои бекорхобидаи ин ҷумҳурии азиятдида ва дар ҳамин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ маънидод кард. "Бо бунёди нерӯгоҳи Даштиҷум бештар аз 1,5 миллион гектар замини Афғонистон обшор хоҳад шуд, ки муҳимтарин тадбири пешгирии истеҳсоли маводи мухаддир мегардад, зеро омили мушаххаси нашъаҷаллобӣ аз бекорию камбизоатии мардуми афғон аст", - хулосагирӣ намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520