Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

27.04.2016 10:38, шаҳри Норак

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013 - ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд.

Мактаби мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ - ширкати Ентсзиени Чин аз 6 июни соли 2014 оғоз гардида, 6 декабри соли 2015 ба анҷом расид.

Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, 2 майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.

Баъди ифтитоҳи мактаб дар синфхонаҳои барҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони хуштолеъ, ки бо шарофати Пешвои миллат соҳиби чунин як бинои боҳашамату зебои мактаб гардиданд, сӯҳбати самимӣ доир кард. Сарвари давлат хонандагонро ба хониши хубу аъло, омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.

Хонандагон дар навбати худ ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд.

Мактаб инчунин дорои системаи алоҳидаи барқу гармидиҳӣ, аз сӯхтор нигоҳдоранда, хати алоқа ва дастгоҳи махсуси идоравӣ мебошад. Таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва ошхона аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак харидорӣ шудааст ва ба талабот ҷавобгӯ аст.

Баъди ба истифода додани мактаб 80 нафар омӯзгор ва кормандони гуногуни техникӣ бо кор таъмин гардиданд. Тариқи озмун омӯзгорони ботаҷриба ва дорои маълумоти олӣ ба кор қабул карда мешаванд.

 Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи наву замонавии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони мактаб ва фаъолони шаҳр сӯҳбати самимӣ доир кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни мулоқот дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ андешаронӣ намуд.

Нахуст Президенти мамлакат ҳозиринро бо ифтитоҳи мактаби нав табрику таҳният гуфта, бунёди мактаб ва дигар иншооти имрӯз дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарор додаро тӯҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат ба мардуми меҳнатқарини шаҳри Норак дар соли таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маънидод кард.

Зимни баромади худ сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат, роҳбари хирадманду ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусу ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520