Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангин дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

27.04.2016 12:47, шаҳри Норак

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии Пули Сангинро ифтитоҳ кард.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки истироҳатгоҳ дар ҷамоати деҳоти Пули Сангин дар майдони 4 гектар бунёд шуда, бо беҳтарин шароити истироҳату фароғат барои шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонон аз хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Ин мавзеъро соҳибкори ватандӯст Абдурасул Муҳидов бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 13 августи соли 2013 зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак дода буданд, бунёд кардааст.

Дар вақти сохтмони маҷмааи истироҳатию фароғатии Пули Сангин соҳибкор бо дарназардошти тамоми хусусиятҳои хоси мавзеъ, оби софу равон, боду ҳавои мусоид ва имконоти дигари мутобиқ ба соҳаи сайёҳӣ онро мувофиқ ба талаботи рӯз мураттаб кардааст.  

Истроҳатгоҳ бо маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ бо 60 ҷойи нави корӣ бунёд шуда, аз қабулгоҳ, бинои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб, ҳавзҳои шиноварӣ, 3 бинои истиқоматӣ, толори маҷлис, ошхона, айвонҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, майдончаҳои варзишии футбол, волейбол, баскетбол, тенниси калон ва тенниси рӯйи миз, толори саққобозӣ, ҳаммом, мотосиклҳои гуногунҳаҷми обӣ, мошинҳои хурди барқӣ барои ҳаракат дар ҳудуди истироҳатгоҳ, ипподром бо аспҳои зоти хурд ва аробаҳои махсус, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар марказҳои дилхӯшӣ иборат мебошад.

Хонаҳои истиқоматии истироҳатгоҳ мутобиқ ба талаботи меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд шуда, дорои шароити мусоиди зист мебошад.

Соҳибкор Абдурасул Муҳидов нақша дорад, барои пурраю мукаммал кардани имкониятҳои истироҳатӣ баҳри мизоҷон дар ҳамин ҷо боз дар марҳилаи дуюми сохтмони фароғатгоҳ ҳавзи моҳӣ ва як тарабхонаи дигар бунёд намояд.

Ҳавлӣ ва роҳравҳои истироҳатгоҳ бо фаввораҳои чароғон, шаршараҳои сунъӣ, бо дарахтони гуногуни нодир, гулу буттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро дода шудааст, ки ба ҳар як инсон писанд меояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имконоти истироҳату фароғати ин мавзеъ ба соҳибкор Абдурасул Муҳидов барои ин иқдоми созанда баҳои баланд дод. Президенти мамлакат ҳамчунин дастур дод, ки дар оянда барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520