Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

19.08.2005 14:00, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омада, нахуст дар минтақаи аз офати табиӣ зарардида, бо сокинони ин ҷо сӯҳбат кард. Мавриди зикр аст, ки бар асари офат дар ин ноҳия 266 хонаи истиқоматӣ хароб гардида, 2 ҳазору 25 нафар бесарпаноҳ мондааст. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то 1 -уми августи соли ҷорӣ 700 оила ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуд. Сарвари давлат аз тадбирҳои фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ёрӣ ба зарардидагон ёдрас шуда, таъкид кард, ки бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 - уми августи соли 2005 рӯйхати фавтидагон ва аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо меҳнаткашон сӯҳбат дошт. Дар ҷараёни вохӯриҳо ба масъалаҳои омодагӣ ба ғунучини ҳосили пахта, пардохти саривақтии маблағҳо, таъмини шароитҳои муосиди пахтакорон ва масоили дигари ҳаёти деҳқонон мароқ зоҳир гардид.

Аснои вохӯрӣ бо намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама бобати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба ҷои бехатар кӯчонидани аҳолии зарардида, пардохти маблағҳои яквақтаи нақдӣ ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масъулин дастур дод.

Сарвари давлат қатъиян талаб кард, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ кулли 180 оилаи зарардида дар манотиқи бехатар бо хонаҳои нави истиқоматӣ ва шароитҳои зарурӣ таъмин ва ба ҳар оила 0,15 га замин барои зироаткорӣ ҷудо карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки соли 2006 аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷӣ барои ҳалли масоили таъмини оби нӯшокии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4,5 млн. доллари ИМА сарф карда хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520