Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ

26.08.2005 20:00, Русия

Нимаи дуюми рӯзи 26 - уми август дар бинои ҳукумати шаҳри "Қазон" нахуст Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ паси дарҳои пӯшида, сипас бо иштироки ҳайатҳои васеъ баргузор шуд.

Ҷаласаро раиси Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ифтитоҳ бахшида, мулоқоти навбатиро боз як қадами муҳимме дар таҳкими робитаҳои бисёрҷониба, ҳамгироиҳои иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои нави таъмини амнияту суботи байниминтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.

Дар ҳузури Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки қабл аз ҳама ривоҷи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба пешрафту таҳкими ИДМ таъсири амиқу ҷиддӣ расонида метавонад.

"Дар ҳамин замина таъмини шароитҳои мусоиди гардиши озоди мол, хизматрасонӣ, нерӯи корӣ, нақлиёт ва коммуникатсия натиҷаҳои ҳамкориро самарабахштар хоҳад намуд", гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ташкили ҳарчи зудтари минтақаи озоди тиҷорат низ ба манфиати кор аст.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон таҳкими ҳамдастӣ дар мавриди мубориза алайҳи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои муҳимму талаби рӯз боқӣ мондааст. Зеро дар ин самт ягон мамлакат дар танҳоӣ қодир наҳоҳад буд. Аз ин рӯ, вусъати ҳамкориҳои сохторҳои қудратии мамолики узви ИДМ ба мақсад мувофиқ аст. "Ба роҳ мондани табодули ҳамешагии иттилоотӣ, таҳлили вазъият ва коркарди нақшаҳои муштараки мубориза омили асосию зарурӣ аст", - тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Таклифу пешниҳод ва андешарониҳои асосноки Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Сарони давлатҳои узви ИДМ бо қаноатмандии комил пазируфта шуд.

Сарони мамолики узви ИДМ дар бораи такомул ва ислоҳоти Иттиҳод, эълони соли 2006 соли ИДМ, изҳороти сарони давлатҳо ба ифтихори 60 - умин солгарди таъсисёбии СММ, муроҷиатномаи Сарони давлатҳо ба халқҳои ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва ҷомеаи башарӣ ба муносибати 20 - солагии Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил қарор қабул намуда, ба Созишнома дар бораи ҳамкориҳои гуманитарии мамолики аъзои ИДМ имзо гузоштанд.

Ҳамзамон чанд ҳуҷҷати муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту мудофиа ва ҳифзи сарҳадот, аз ҷумла дар бораи консепсияи ҳамкориҳои низомии мамолики аъзои ИДМ то соли 2010, дар бораи консепсияи сиёсати мувофиқашудаи сарҳадии давлатҳои аъзои ИДМ, дар бораи протоколи тасдиқи низомнома дар бораи ташкили ҳамдастии сарҳадчиён ва дигар сохторҳои марбутаи давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати ёрӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда дар сарҳадоти берунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо, дар бораи барномаи ҳамкории мамолики аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои соли 2006 - 2008, дар бораи барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти таҳдидбори экстремистӣ барои солҳои 2005 - 2007 ва дар бораи консепсияи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи терроризм ва дигар амалиёти зӯроварии террористӣ ба имзо расид.

Ду ҳуҷҷати дигар, яке дар бораи Шӯрои вазирони адлия ва дигаре дар бораи Шӯрои байнидавлатии роҳбарони хадамоти олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ аз ҷониби Сарони давлатҳо ба имзо расид. Дар ҳузури намояндагони беш аз сад марказҳои хабаргузории ҷаҳон Сарони давлатҳо натиҷаҳои мулоқоти навбатиро бобарору пурсамар арзёбӣ намуданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520