Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои ҷашнии шаҳри Қазон

27.08.2005 19:00, Русия

Дар доираи тантанаҳои ҷашнии шаҳри Қазон 27 - август дар маҷмааи аспдавонии байналмилалии пойтахти Тотористон мусобиқаи аспдавонӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Федератсияи Россия баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазон бо Сардори раёсати маънавияти мусулмонони Ҷумҳурии Тотористон Усмон Ҳазрат Исматов мулоқот намуда, аз масҷиди Кул Шариф ва дигар марказҳои фарҳангию динии Тотористон дидан кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб дар шаҳри Қазон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко доир ба муҳимтарин масоили ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони маркази миллии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия мужда расонид, ки дар асоси мувофиқа бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз 1 - уми сентябри соли 2005 дар 6 шаҳри калонтарини Федератсияи Россия марказҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Тантанаҳои ҷашни 1000 - умин солгарди шаҳри Қазон дар рӯҳияи баланди ҳамбастагию иттиҳоди халқу миллатҳои маскуни Ҷумҳурии Тотористон ҷараён гирифт.

Алҳол дар шаҳри Қазон ва дигар марказҳои бузурги иқтисодию фарҳангии Тотористон ҳазорҳо нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Аснои мулоқот бо намояндагони маркази миллии тоҷикон дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шароитҳои кунунии фаъолияти онҳо пурсон шуд.

Сарвари давлат ҳамзамон ёдрас шуд, ки баъди имзои созишномаҳои ҳамкорӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе ҳангоми ташрифи нахустини расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли як қатор мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ имконпазир гардид.

Ба андешаи директори Маркази ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ, номзади илмҳои физикию риёзӣ Маъруф Ҳоҷиев мавқеи одилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди фароҳам овардани шароитҳои мусоиди муҳоҷирати меҳнатӣ натиҷаҳои пурсамар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тотористон Минтемир Шаймиев масъалаи ҷудо намудани замин барои бунёди маркази фарҳангии Тоҷикистонро дар маркази шаҳри Қазон мусбат ҳал намуд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қазон ваъда доданд, ки маркази фарҳангро дар муддати кӯтоҳтарин бо фарогирии тамоми шароитҳои иттилоотии электронӣ, интернет ва сайти фаъоли Ҷумҳуриии Тоҷикистон, тарабхонаи миллӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ бунёд хоҳанд кард.

"Ин марказ бояд муттаҳидкунандаи кулли муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну аспирантон ва таҷрибаомӯзону дигар ҳамватанони муқими мо дар Ҷумҳурии Тотористон гардад", - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони мамолики узви ИДМ ва тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 1000 - умин солгарди пойтахти Ҷумҳурии Тотористон  27 август аз шаҳри Қазон ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520