Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти муҳимми "Хати обрасонии Хоҷабоқирғон", ки барои таъмини шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби мусаффо пешбинӣ шудааст, дидан карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбати дуюми он, ки барои обгирию обтозакунӣ ва тақсимоти об пешбинӣ гаштааст, шинос шуд. Сохтмони хати обрасонии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1993 оғоз шуда бошад ҳам, аз сабаби набудани маблағ ва шароити зарурӣ бунёди он идома дода нашуд.
Маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 барои сохтмони ин иншооти муҳим 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ ва моҳи августи ҳамон сол иқтидорҳои аввалини ин иншооти бузург ба истифода дода шуд ва ба соҳили чапи шаҳри Хуҷанд оби мусаффои кӯҳии Хоҷабоқирғон бароварда шуд.
Дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози корҳои сохтмони хатти газтаъминкунии деҳоти Овчӣ қалъача ва корхонаю муассисаҳои дар ин ҷо воқеъ буда ширкат намуд.
Хотиррасон мекунем, ки маблағи умумии лоиҳаи газтаъминкунӣ дар ин мавзеъ 1 млн. 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 1 миллиони он аз хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат пардохт шудааст. Дарозии хатти гази табиӣ аз магистрали асосӣ 1680 метр буда, сохтмони ин иншоот мувофиқи нақша то ҷашни наврӯзи соли 2006-ум бояд ба анҷом расад.
Дар хоҷагии Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои деҳқонон аз наздик шинос шуда, дар бошишгоҳи саҳроӣ бо кишоварзон сӯҳбати ошкорою самимӣ анҷом дод.
Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохти кори деҳқонон пурсон шуда, баҳри беҳтар намудани таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, зиёд кардани маоши деҳқонон ва сари вақт додани нафақаю ёрдампулиҳо ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин Президенти мамлакат ба роҳбарони вилояти Суғд супориш дод, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар иди сайри харбуза ширкат намоянд.