1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод, ки дар он омадааст:
"Ҷаноби Президент, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми ӯзбекро ба муносибати солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз самими қалб табрик менамоям.
Тоҷикистон равнақу ривоҷи ҳамкории минтақавиро қотеъона ҷонибдорӣ карда, муносибатҳои нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҷараёни ҳамгироии мамлакатҳои минтақа баррасӣ менамояд ва тарафдори равнақу ривоҷи манбаъдаи он мебошад.
Мо ба қадри дӯстии деринаи халқҳоямон ва ҳусни ҳамҷавории онҳо мерасем, ки халқҳоямонро ба ҳамдигар мепайвандад. Азми қавӣ дорем, ки ин муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон бо иқдомҳои нави амалӣ ғанӣ гардонда ва мустаҳкам карда шаванд.
Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатии комил, барори кор ва ба халқи бародари ӯзбек сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям".