6 сентябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 1025 - солагии адиб, файласуф, олим ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Шайх-ур-раис Абӯалӣ ибни Сино конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзӯи "Абӯалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ" баргузор гардид, ки дар кори он олимони барҷастаи синошиноси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигари хориҷи дуру наздик ба мисли Эрон, Афғонистон, Фаронса, Россия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамомолики ҷаҳон ширкат доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми кушодашавии конфронс иштирок ва суханронӣ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз осори гаронбаҳои Шайх-ур-раис Абӯалӣ ибни Сино дар илмҳои тиббу риёзиёт, табиатшиносию фалсафа, таърих ва фарҳангу адаб ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки офаридаҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик обрӯю эътибори ӯ ва мардуми соҳибфарҳанги моро дар тамоми олам хеле боло бурдааст. Бахусус "Қонуни тибб"-и Ибни Сино то асри 20 мелодӣ сарчашмаи асосии улуми тиб ва китоби рӯимизии тамоми табибони олами Ғарб гашта буд.
Дар ҷаласаи умумии конфронс, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, баъди суханронии Сарвари давлат Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов, синошиносони машҳури арсаи ҷаҳонӣ профессор М. Рожанская (Россия), академик М. Диноршоев (Тоҷикистон), профессор Ю. Нуралиев (Тоҷикистон) бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, саҳми оламшумули фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Шайх-ур-раис Абӯалӣ ибни Синоро дар рушду камоли ҷанбаҳои гуногуни улуми ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронии худ онҳо ҳамчунин ба таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили илму маърифат, аз ҷумла омӯзиши осори Ибни Сино баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар амал татбиқ гаштани пешниҳоду тавсияҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон садо доданд, дар роҳи омӯзиши ҳамаҷониба ва ба мардум дастрас гаштани нигоштаҳои Шайх-ур-раис натиҷахои назаррас ба даст меоранд.