Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам - Созмони Милали Муттаҳид

14.09.2005 05:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

14- уми сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди басо муҳимму арзишманди байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам - Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки панҷ сол муқаддам дар ин толор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз арзишҳои Сулҳ, Озодӣ ва Баробарӣ таъкид намуда, барои барҳам задани бенавоӣ ва таъмин намудани рушди саросарӣ дар тамоми олам ӯҳдадорӣ қабул карданд. Ин амалҳои нек дар Эъломияи Ҳазорсола таҷассум ёфтанд.

"Тайи ин солҳо - зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - барои татбиқи ҳадафҳои рушд корҳои зиёде ба сомон расиданд, вале пешравӣ ҳанӯз кофӣ нест. Беш аз як миллиард сокинони сайёра дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд, даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон ҳар рӯз аз гуруснагию беморӣ ҳалок мегарданд, мушкилиҳои экологӣ афзоиш меёбад".

Терроризм, тиҷорати маводи нашъадор ва ғуломдории муосирро Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷиддитарин хатарҳои глобалӣ арзёбӣ намуда, пешниҳод кард, ки талошҳои муштарак барои решакан кардани ин падидаҳои нанговар пурзӯр карда шаванд. "Бахусус зарур аст, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - ба таври дастаҷамъӣ ба саволи вобаста ба сабабҳои афзоиши зиёди зӯровариҳои террористӣ дар ҷаҳон посухе биёбем ва аз масъалаи содда кардану умумиятбахшӣ ва тобиши мафкуравию динӣ додан дур бошем.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон бемайлон аз минбаъд баланд бардоштани нақши Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси анҷумани марказии байналмилалӣ, ки ба эҷоди мавқеъгирии муштарак дар ҳалли масъалаҳои рушд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ва татбиқи он нисбат ба шароити мушаххас дар ҳар як кишвар равона гардидааст, ҷонибдорӣ менамояд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди пуштибонии иштирокчиёни саммит қарор гирифта, тавассути шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ дар саросари ҷаҳон паҳн гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520